аъзо — [اعضا] а. ҷ. узв 1. узвҳои тани одам, қисмҳои бадан; аъзои бадан узвҳои тан, узвҳои бадан 2. узви ягон гурӯҳ, созмон, ҳайат ва ҳар як фарди ин гурӯҳ, созмон, ҳайат ва ғ. (ба ин маъно, яъне исми танҳо истифода шудани исми ҷомеи аъзо ғалати ом аст) … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
анҷуман — [انجمن] 1. ҷои ҷамъомади мардум ё як гурӯҳи муайян 2. маҷлис, машварат 3. ҷамъомади мардуми бисёр барои машварате, конгресс; форум 4. созмон ё гурӯҳе, ки бо ҳамфикрӣ ва машварат барои расидан ба ҳадаф ё мақсадҳои муайян ташкил ёфтааст: анҷумани… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
асоснома — [اساس نامه] маҷмӯаи қоидаву қонунҳо, ки дар он сохт ва тарзи фаъолияти ягон созмон ё ҳизбе муқаррар карда шудааст, оиннома … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
билет — [بليت] фр 1. ҳуҷҷат барои истифода аз нақлиёт (қатора, ҳавопаймо, автобус ва ғ.) ва ё барои дохил шудан ба тамошогоҳҳо (кино, театр ва ғ.), ки ба ивази пул медиҳанд; пата (барои қатора), чипта: билет гирифтан, билет додан, билет харидан 2.… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бюро — [بيورا] фр 1. мақоми дастаҷамъии роҳбарикунандаи баъзе созмонҳо: бюрои сиёсӣ, бюрои ҳизб 2. номи баъзе идора ва марказҳо: бюрои обу ҳавосанҷӣ, бюрои тарроҳӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ваколатдор — [وکالت دار] вакил, намоянда, вакилшуда; мақомоти ваколатдор созмон ва идораҳои дорои ҳуқуқи дахолат ба коре … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дабирхона — [دبيرخانه] идорае, ки дар як созмон вазифаи қабул кардан ё фиристодани номаҳои расмиро ба ӯҳда дорад; дафтархона … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
давлат — [دولت] а 1. молу мулк, бойигарӣ, дороӣ, сарват: давлати дунё, молу давлат, давлатат зиёда шавад (таъбири дуои нек); давлату ҳашамат сарват ва ҷоҳу ҷалол, молу мулк; давлати касе кам нашудан ба молу мулки касе зарар нарасидан 2. ташкилоти сиёсии… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
идорахона — [اداره خانه] биное, ки дар он муассиса ё созмон ва ё қисми маъмурию коргузории онҳо ҷойгир шудааст … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
иттифоқ — [اتّفاق] а 1. бо ҳам як шудан, муттафиқ шудан; иттиҳод, як шудан, муттаҳид шудан (мас., синфҳо, ҷамъиятҳо, давлатҳо, ҷумҳуриҳо): иттифоқи коргару деҳқон, иттифоқи ҷавонон ва ғ; бо (ба) иттифоқ муттафиқона, якдилона, якҷоя; иттифоқ кардан як шудан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ